Директори Колеҷи тиббии Конибодом дар гирифтани пора муттаҳам мешавад
Директор ва як омӯзгори Колеҷи тиббии шаҳри Конибодом бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як хабар дар торнамои расмияш гуфтааст, омӯзгори 39-сола, сокини нощияи Муъминобод ва директори 33-сола, сокини шащри Конибодом дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудаанд. Ба иттилои манбаъ, ин ду нафар 4 июли соли 2017 бо маслиҳати пешакӣ барои ба колеҷ дохил намудани сокини 22-солаи шаҳри Исфара, аз зани 54-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1800 доллари амрикоӣ талаб намудаанд: “Рӯзи 12 июли соли 2017, тахминан соати 16:00, омӯзгор бо ҳамроҳии директори муассисаи мазкур дар утоқи кориаш дар Коллеҷи тиббӣ ҳангоми аз зани номбурда гирифтани маблағи 1800 доллари амрикоӣ дастгир карда шуданд”.
Ба иттилои ВКД, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.