САДО: Шоҳиён дар бораи “рӯйхати сиёҳ” ва даъвои А.Абдуқаҳҳор: Мушк он аст, ки худ бибӯяд
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мавҷудияти “рӯйхати сиёҳ”-ро дар Кумита рад карда, изҳор дошт, ки барои кори рӯзноманигор Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар радио ва телевизион ягон монеа нест.
Шоҳиён имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи даъвои Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт, “мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд. Абдуқодири Абдуқаҳҳор дастпарвардаи худи Кумитаи телевизион ва радио аст. Дар сурати пешниҳоди лоиҳаҳои нав мо омодаем, ҳамкорӣ кунем”.
Раиси Кумита таъкид намуд, ки барои кор дар ниҳоди тобеяш ягон мамнуият нест: “Фақат рӯзноманигоронро зарур аст, фаҳмишу завқи худро ба замони муосир мувофиқ кунанд ва дар радиою телевизион фаъолият намоянд”.
Ахиран Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва раиси пешини Радиои Тоҷикистон гуфт, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон садо ва симояшро дар телевизион мамнуъ кардааст. Ҷаноби Абдуқаҳҳор дар посух ба суоли корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди далоили баромад накарданаш дар телевизионҳои Тоҷикистон ва рӯй оварданаш ба интернету маҷаллаҳо гуфт: “Вақтҳои охир баъзеҳо суол медиҳанд, ки чаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаҳо вақтҳои охир бештар менависию дар радиотелевизион намебинему намешунавем. Ҷавобашро ҳоло мегӯям. Раиси Кумитаи ТВ ва Радио садову симоямро баставу дар "рӯйхати сиёҳ" шомилам намудааст, ростӣ сабабашро худам ҳам намедонам”.
Иддаои Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар мавриди шомили “рӯйхати сиёҳ” буданаш дар ҳолест, ки ӯро ҳамчун ровии маъруф мешиносанд ва собиқаи 15-солаи кор дар телевизионро дорад. Дар гузашта 5 сол директори Радиои Тоҷикистон ҳам буд ва 2 сол ба ҳайси раҳбари "ТВ Пойтахт" фаъолият кардааст. Барои "садоқат ба Ватан ва тарғиби арзишҳои миллӣ" аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо "Ордени шараф" сарфароз гардидааст.