Аз 7 то 70-сола соле як бор “санҷиши меъёрҳои омодагӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва дифоъ” месупоранд
Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар пай супориши ҳукумат ба таҳияи санаде машғул аст, ки бар асоси он бояд сокинони аз 7 то 70-сола соле як бор “санҷиши меъёрҳои омодагӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва дифоъ”-ро супоранд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш мегӯяд, ин меъёрҳо аз давидан ба масофаи муайян, партофтани санг, кашидани турник, бардоштани вазн ва дигар меъёрҳое, ки қобилияти суръатнокӣ, тобоварӣ ва қувватнокии инсонро муайян мекунад, иборат аст. Ӯ, ки дар нишасти хабарие 13 июл дар рӯ ба рӯи хабарнигорон суҳбат мекард, афзуд: “Ин меъёрҳо ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ҳастанд”.
Ҷаноби Абдуллозода гуфт, феълан гуруҳи кории вижа ба омода кардани ҳуҷҷати мазкур машғул аст ва ояндаи наздик он барои баррасӣ ба вазорату идораҳо ирсол мегардад. Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъкид намуд, ки бо татбиқи ин ҳуҷҷат насли наврас, кормандони вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳо ба солимӣ бештар ҷалб хоҳанд шуд. Ба қавли ӯ, супориши ҳукумат барои омода намудани ин санад бо назардошти мушкилоти ҷойдошта дар самти ҷалби сокинон ба варзиш сурат гирифтааст.
Акс аз бойгонӣ