Тавре аз хадамоти мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, маълумотнокии муҳоҷирони меҳнатӣ то ҳанӯз қаноатбахш нест ва ҳалталаб боқӣ мемонад. Бо мақсади ҳалли ин норасоӣ аз рӯи дархости хадамоти мазкур тибқи як созишномаи вижа, ки роҷеъ ба фарогирии муҳоҷирон ба омӯзиши касбу ҳунар ва ихтисосҳои замонавӣ роҳандозӣ гардидааст, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба таҳсил дар омузишгоҳҳои касбӣ-техникии вазорати маориф ҷалб мешаванд. Курсҳои омӯзишӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳолест, ки бархе аз соҳибназарон мегӯянд, вазорати маорифи кишвар бояд ин мушкилро аз давраи таҳсили мактаби миёнаи хонандагон ба инобат бигирад. Зеро ба боварии ин гурӯҳи соҳибназарон, дар ҳоле, ки 11 соли таҳсили мактаби миёна ва барои бархе муҳоҷирон таҳсил 5 сола дар донишгоҳ натавонист, донишу малака ва сатҳи ҳуқуқу забондонии онҳоро баланд бардорад, курсҳои чандмоҳа наметавонад, роҳи ҳал гардад. Гузашта аз ин чанд тан аз муҳоҷироне, ки ба наздикӣ аз Русия баргаштаанд, дар суҳбат ба «Озодагон» маълумоти хадамоти муҳоҷиратро ҷиҳати паст будани сатҳи маълумотнокии муҳоҷирни тоҷик дар муқоиса ба муҳҷирони кишварҳои ИДМ рад намуданд. Шодмони Ятим яке аз онҳост, ки мегӯяд: «Барои он ба ин маълумоти хадамоти муҳоҷират розӣ шуда наметавонам, ки шахрвандони дигар кишварҳо, ба хусус Ӯзбакистон аз мухоҷирони мо дида дониши пастар доранд, фаҳмишу дарки хуб надоранд. Инро ман аз мушохидаҳоям мегӯям. Як мисол, бо сабаби паст будани сатҳи забондонӣ ва маълумотнокияшон бо нархҳои нисбатан арзон кор мекунанд. Ҳамчунин шаҳрвандони Туркманистон ва баъзан мардуми курди Туркия дар умум аз шахрвандони мо дониши паст доранд».