Суғд беш аз 290 мавзеи хавфнок дорад
Ситоди ҳолатҳои фавқулоди Суғд мегӯяд, дар шимоли кишвар беш аз 290 мавзеи хавфнок вуҷуд дорад.
Баҳром Додиён, сардори ин ниҳод чоршанбеи 12 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд дар посух ба суоли хабарнигори “Озодагон” перомуни мавзеъҳои хавфнок гуфт, “дар маҷмӯъ дар қаламрави вилояти Суғд 293 мавзеи хавфнок мавҷуд аст, ки 47-тои он дар ноҳияи Айнӣ мебошад”.
Ба иттилои масхулини Ситоди ҳолатҳои фавқулода, бештари мавзеъҳои хафнокро селроҳаҳо ташкил медиҳанд.
Сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулоди Суғд дар идома афзуд, давоми шаш моҳи ахир дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ як ҳодисаи фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд расид, ки 746 ҳазору 523 сомонӣ хисорот дошт: “Дар нимсолаи аввали соли 2016 ҳамагӣ 15 ҳодисаи фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд расида буд, ки хисороти он 48 миллиону 331 ҳазору 200 сомониро ташкил медод”.
Баҳром Додиён мегӯяд, дар ин давра танҳо ҳодисаи фавқулодаи хусусияти табиидоштаи ноҳияи Ашт ҳисоб шудааст. Ба иттилои ӯ, хисороти боришот ва селфароии Айниву Панҷакент дар рӯзҳои 26-27-уми июни соли равонро дар моҳи дигар ҳисоб кардаанд.