Раиси Кумита: Агар Устопириён афв хоҳад, баррасӣ мешавад (ВИДЕО)
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, мегӯяд, Комроншоҳи Устопириён агар дархости афву бахшиш кунад, гуруҳи корӣ масъалаи муҷозоташро бозбинӣ мекунад.
Абдуллозода имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, қарор дар мавриди муҷозоти Устопириёнро на Кумита, балки гуруҳи корӣ бо ҷалби мутахассисони Федератсияҳои гуногун қабул кард: “Худи варзишгар ё намояндааш ҳуқуқ дошт, ки аз қарори гуруҳи корӣ шикоят кунад. Агар дархост ворид шавад, гуруҳи кориро боз фаъол мекунем ва масъалаи бознигарии онро баррасӣ мекунем”.
Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъкид намуд, ки “варзишгарон бояд бо гуфтор, рафтор ва ҳаракатҳои худ намунаи ибрат бошанд. Шахсе, ки муаррифигари миллат аст, масъулияти одоби баланд, рафтори зебо дошта бошад”.
Ӯ афзуд, ки феълан мутахассисон қоидаҳои одоби варзишгар, мураббӣ ва дигар масъулини соҳаро таҳия доранд ва ба наздикӣ он ҳамчун роҳнамо ба тамоми макотиби варзишӣ равон мешавад.
Абдуллозода таъкид намуд, ки дастгирии давлатии Устопириён идома дорад: “Танҳо дар нимсолаи аввали соли равон 95 ҳазор сомонӣ аз буҷаи давлат барои иштирокаш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сарф шуд”. Ин дар ҳолест, ки бисёри корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баъди пирӯзии Устопириён дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод намуданд, ки Кумитаи ҷавонон ва варзиш муҷозоти ахирашро дар мавриди паҳлавони тоҷик қабл аз тамом шудани давраи муҷозот, лағв кунад.
Гуруҳи кории Кумита паҳлавони шинохтаро аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои куштии миллӣ дар кишвар маҳрум кард. Аммо Кумитаи ҷавонон ва варзиш баҳогузории доваронро, ки ангезаи амалкардҳои Комроншоҳ шуда буд одилона ва тибқи қоида баҳогузорӣ намуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон дар мавриди ноадолатиҳои доварон баҳсҳои гармеро ба бор оварда буданд.
Устопиириён баъди ин муҷозот дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дастболо шуд ва шомили сегонаи беҳтарин ҷудочиёни ҷаҳон гардид.