300 соат кори ҳатмӣ ва 10 ҳазор рубл ҷуброн. Ҷазои Владислав барои 6 зарби корд ба бадани шаҳрванди Тоҷикистон
Додгоҳи ноҳияи Кунтсевои шаҳри Маскав як шаҳрванди Русияро, ки бо корд зодаи Тоҷикистонро маҷруҳ карда буд, ба анҷоми 300 соат кор ва пардохти 10 ҳазор рубл ҷуброн муваззаф кардааст.
Владислав Валуев панҷуми феврали соли равон дар назди клуби Space, воқеъ дар хиёбони Кутузов ба мошини Абдулҳаким Кенҷаев, ки ҳамчун таксӣ фаъолият дошт, нишаста, дархост мекунад, то ӯро ба Мякинино расонад. Валуев баъди ба ҳаракат даромадани мошин ба носазо гуфтани ғайрирусҳо шурӯъ карда, гуфтааст, онҳо тамоми ҷойҳои кориро банд кардаанд. Баъди ба ҷойи дархостшуда расидан, ҷавони рус, ки сархуш ҳам будааст, аз ҷайб ба ҷойи роҳкиро кордча гирифта ва ба бадани Кенҷаев шаш маротиба мезанад. Вақте шаҳрванди Тоҷикистон аз мошин берун мешавад, ӯ бо мушт ба куфтани вай идома медиҳад, аммо Абдулҳаким ӯро ба замин хобонда, пулис ва ёрии таъҷилиро даъват мекунад.
Бино ба иттилои торнамои refugee.ru, нисбати Валуев соли 2012 барои дуздии мошин ва авбошӣ ду маротиба парвандаи ҷиноӣ боз шуда, аммо дар ҳар ду маврид ҳам муҷозот нашудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳарчанд шаҳрванди Русия ошкоро бадбиниашро нисбати мардуми ғайрирус, ба вижа тоҷикону узбекҳо изҳор дошта ва бар пояи нажодпарастӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла кардааст, аммо додрас Полина Трембачева ин далелҳоро ба инобат нагирифтааст.
Ин бори аввал нест, ки додрасҳои рус барои гумонбарон дар ҳамла ба шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа муҳоҷирони тоҷик ҷазои сабук медиҳанд. Дар гузашта ҳолатҳое кам набуданд, ки афроди дар заминаи нажодпарастӣ ба мардуми ғайрирус ҳамлакарда, танҳо дар "майдавбошӣ" муҷрим шинохта шуда, аз толори додгоҳ озод шуданд.
Дар акси аввал Владислав Валуев. Дар акси дуввум Абдулҳаким Кенҷаев