Президент дар бораи “мӯд”-и унвонгирии мансабдорон (ВИДЕО)
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон масъалаи “мӯд”-и мансабдорони тоҷик барои гирифтани унвонҳои илмиро шарҳ дод.
Раҳимӣ имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ниҳодаш ҳақ надорад, ҳаққи мансабдорони давлатиро барои пешниҳоди номзадӣ ба узвияти Академияи улум маҳдуд кунад.
Ӯ иддао ва матолибро, ки гӯиё мансабгароӣ дар Академияи улум хеле густурда аст ва унвонҳои илмӣ зиёд ба мансабдорони давлатӣ дода мешаванд, рад кард.
Президенти Академия мисол овард, ки айни ҳол аз 108 довталаби узвият дар Академияи улум ҳамагӣ 4 нафар дар мансабҳои давлатӣ фаъолият доранд: “Ҳамаи онҳо олимонанд, кори тадқиқотӣ доранд, дастовардҳои илмӣ доранд, дар донишгоҳҳо дарс медиҳанд, дар соҳаи худашон муваффақанд”.
Ӯ изҳори боварӣ намуд, дар интихоботи узви Академияи улум, ки фардо дар назар аст, беҳтарин донишмандон ба узвият шомил хоҳанд шуд. Раҳимӣ афзуд, 54 нафар дар интихоботи аъзои нави Академия ҳаққи овоздиҳӣ доранд ва натиҷаҳои аввалия 14-уми июл эълон мешаванд.