Рашт: Боди шадид сабаби ғарқ шудани як зан ва як ноболиғ шудааст
Дар пайи вазидани шамоли сахт дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт як зани 33-сола ва як писарчаи 16-сола аз болои пул ба дарёи “Сурхоб” афтида, ғарқ шудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин ҳодиса тахминан соатҳои 16:40-и рӯзи 12 июл рух додааст. Манбаъ мегӯяд, ҳоло ҷасади зан, ки сокини шаҳраки Ғарм будааст, пайдо гардида, ҷустуҷӯи ҷасади писарбача, бошандаи рустои Руноби ноҳияи Рашт идома дорад.