“Фарзандамро мехарам”: Баҳси фасоди таваллудхонаҳо дар ҳузури вазир
Туҳфаю пулгирӣ дар таваллудхонаҳои Тоҷикистон, имрӯз, 12-уми июл дар ҳузури Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Пулу туҳфагирӣ дар таваллудхонаҳо, ки миёни мардум таҳти шиорҳои шӯхиомези “фарзандамро мехарам” ё “кӯдак дар гарав” маъруф аст, ба гуфтаи вазири тандурустӣ ҷой дорад ва барои решакан кардани он ҳамкорӣ бо ҷомеа зарур аст.
Рӯзноманигорони тоҷик зимни масъалагузории фасод дар таваллудхонаҳо изҳор доштанд, ки кӯдак то ҷое ба гаравгон шабоҳат дорад ва волидон ночор дар таваллудхонаҳо пул пардохт мекунанд, то фарзандашонро гиранд.
Манижа Қурбонова, рӯзноманигори тоҷик дар хитоб ба вазир гуфт, модоме пулу туҳфагириҳо дар зоишгоҳҳо густурда аст, оё беҳтар нест, ки хизматрасониҳо дар таваллудхонаҳо расман пулакӣ шавад. Ба гуфтаи Қурбонова бисёри момодояҳо далели пулгириҳо дар таваллудхонаро ба маоши паст рабт медиҳанд: “Тариқи нархгузории муайян давлат имкон пайдо мекунад, маоши момодояҳоро боло барад ва пулгирии ғайриқонунӣ коҳиш ёбад. Оилаҳои камбизоатро давлат метавонад тариқи барномаҳои махсус дастгирӣ кунад. Феълан тақрибан аз бисёриҳо сарфи назар аз он ки бой аст ё камбағал маблағ ё туҳфа гирифта мешавад”.
Олимзода бо баёни мухолифати шахсияш ба пулакӣ кардани хизматрасониҳо дар таваллудхонаҳо изҳори боварӣ намуд, ки аксари аъзои ҷомеа низ мухолифи пулакӣ шудани хизматрасонии таваллудхонаҳо хоҳанд буд: “Ин масъалаи баҳсбарангез аст. Ба ҳар сурат мо онро баррасӣ мекунем”.
Вазири тандурустӣ роҳи беҳтарини решакан кардани фасод дар таваллудхонаҳо ва умуман соҳаи тибро дар ҳамкории шаҳрвандон бо Вазорат ва мақомоти дигар арзёбӣ кард: “Бисёр мехоҳем, ки ҷомеа дар ин масъала бо мо ҳамкорӣ кунад. Ҳозир гапҳои умумӣ зиёд мешаванд, аммо аз шаҳрвандон хоҳиш мекунам, ки ҳар бори дучоршавӣ ба фасодкорӣ ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат кунанд, то мо алайҳи он масъулину муассисаҳо чораандешӣ кунем”.