13 соли ҳабс. Барои “Салафия” ва қасди сафар ба Сурия
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро барои 13 сол равонаи зиндон кардааст.
Ба иттилои тафтишот, Муминов И.А. замони дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия қарор доштанаш, бо Шарипов Б.М., як аъзои фаъоли равияи “Салафия” ва ҷамъияти террористии “Ҷабҳат-Ан-Нусра” ошно шудааст. “Муминов даъватҳои ӯро оид ба равияи экстремистӣ-террористии “Салафия” қабул намуда, таълимоти мазҳаби “Ҳанафия”-ро инкор намуда, тарзи намозгузориашро тағйир додааст”,-хабар медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.
Манбаъ меафзояд, баъди даъватҳои чандкаратаи Шарипов Б.М. Муминов 27 ноябри соли 2016 тавассути хатсайри “Қазон-Боку-Истамбул” ба Туркия рафта, дар мадрасаи “Қуръон-курсӣ” таълим гирифта ва талош кардааст, ба Сурия биравад: “17 феврали соли 2017 ӯ дар натиҷаи чораҳои андешидаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир ва тавассути Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шудааст”.