Зани 58-сола дар ташкили фоҳишахона муттаҳам мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 58-солаи шаҳри Душанбе бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, дастгиршуда 7 июли соли равон, хонаи иҷораашро ба ду сокини пойтахт -- марди 31-сола ва зани 34-сола “барои алоқаи ҷинсӣ супорида, шароит фароҳам намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”.
Манбаъ мегӯяд, ин зан дар гузашта ҳам бар пояи моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ташкил ё нигоҳ доштани фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ) суд шудааст.
Акс аз бойгонӣ