Муҷозоти ронандаи “Зил”, ки вақти баргашт аз қабристон мошинро чаппа кард (ВИДЕО)
Ронандае ки моҳи март ҳангоми бозгашт аз маросими дафн дар шаҳри Ваҳдат боркаши “Зил-130”-ро чаппа кард, беш аз 7 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Бино ба иттилои додситонии куллии Тоҷикистон, ҳукми Маҷидов Б.З.-ро Додгоҳи шаҳри Ваҳдат эълон кардааст. Ӯ бар асоси моддаи 212 қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муҷрим шинохта шуда ва барои 7 солу 6 моҳ равонаи зиндон шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Маҷидови 41-сола 11 марти соли 2017 тахминан соати 14:30 дар роҳи мошингарди Ваҳдат-Ромит талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, “дар қисми болои “3ил-130” ҷойи борбардории он ғайриқонунӣ зиёда аз 25 мусофирро савор карда, ҳангоми фаромадани баландии роҳи қабристони “Роҳатӣ” аз уҳдаи рондани автомашина набаромада, онро дар канори роҳ чаппа менамояд”.
Ба иттилои додситонӣ, дар натиҷа 7 мусофир ба ҳалокат расида, 4 тани дигар маҷруҳ мешаванд. Ин дар ҳолест, ки 13 март 13 март, баъди ду рӯзи ин ҳодиса Вазорати умури дохилӣ бо нашри як иттилоия гуфт, дар пайи ин ҳодиса 8 нафар ҷон бохта ва 19 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Мошини боркаш дар ҳоле чаппа шудааст, ки одамонро аз маросими дафни як сокини Ваҳдат аз қабристони ҷамоати деҳоти Баҳор меовард.