Кумитаи дин: Мансабдорон ба номи зану фарзандҳояшон қонуншиканӣ мекунанд (ВИДЕО)
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, тайи соли равон 413 ҳолати қонуншиканиро ошкор кардаанд.
Давлатзода имрӯз, 12-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, миёни афроде, ки даст ба қонуншиканӣ задаанд, сарватмандону соҳибкорон низ ҳастанд. Дар зимн, Азизулллоҳ Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар шарҳи қонуншикании мансабдорон гуфт, то ҳол онҳо ба шевае кор мекарданд, ки ифтитоҳи парвандаи маъмурӣ бевосита алайҳи онҳо ғайриимкон буд. Ба гуфтаи ӯ, мансабдорон маъракаҳоро ба номи ҳамсар ё фарзандашон ташкил мекарданд: “Аз ин рӯ агар қонуншикание сурат мегирифт, ифтитоҳи парванда алайҳи мансабдор ғайриимкон буд”.
Муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон таъкид намуд, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастуру супориши қатъӣ шудааст, ки агар қонуншиканӣ аз сӯи мансабдорон ё аҳли оилаи онҳо ҳам сурат бигирад, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ҷаноби Мирзозода илова намуд, пешниҳод шудааст, то барои нақзи қонуни танзим ҷаримаҳо ба маротиб зиёд шуда, мансабдорон барои қонуншиканӣ аз мақомашон барканор гарданд: “Он гоҳ сарватманд аз пулаш ва мансабдор аз мақомаш фикр хоҳад кард”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз нақзи қонуни танзим аз сӯи мансабдорон интиқоди шадид карда, ҳушдор дод, ки барои исрофкорию худнамоӣ онҳоро аз мақом барканор хоҳад кард.
Ҳакими Даврон