Шарҳи додситонӣ дар бораи қазияи латту кӯб ва аз кор озод шудани Марям Шарифзода
Хушвақт Машрабзода, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, санҷиши қазияи латту кӯби лейтинанти калони милиса Марям Шарифзода идома дорад.
Ҷаноби Машрабзода имрӯз, 11 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кӯлоб гуфт, аризаи Марям Шарифзода дар робита ба латту кӯб шуданаш ба ин ниҳод расид: “Аммо дар натиҷаи тафтишот ҳолатҳои овардаи ин бону исбот нашуд. Бо вуҷиди ин, мо ҳолатҳои ҷойдоштаро то имрӯз санҷида истодаем”.
Номи Марям Шарифзода, ки дар Маркази иттилоотии Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб фаъолият мекард, баъди хабари ҳамла ба ӯ расонаӣ шуд. Хонум Шарифзода 17 май вақте дар беморхона қарор дошт, ба “Озодагон” гуфт, тахминан соатҳои 20:30-и шаби 16 май замоне, ки барои пур кардани тавозуни телефонаш аз хона, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ берун шуд, мавриди латту кӯб қарор гирифт. Ба иттилои вай, нахуст бо мушт ба шикамаш заданд. Ӯ аз ҳамлавар як марди қоматбаланд ва бо риши миёна тавсиф кард ва гуфт, вақте баланд фарёд зад, вай ва ҳамроҳи дигараш фирор карданд. Модари ин корманди пулис аз фарёди духтараш ба берун баромада, ӯро дар ҳолати беҳушӣ пайдо мекунад.
Табибони Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб он вақт ба “Озодагон” гуфтанд, дар ӯ осеби пушидаи девораи пеши шикам, латхӯрии бофтаҳои пеши шикам, харошаҳои сеяки мобайни оринҷи дасти чап ва латхӯрии соқи пойи чапро сабт кардаанд.
Баъди нашри хабари латту кӯби Шарифзода дар расонаҳо хабари аз вазифа барканор шудани ӯ низ расонаӣ шуд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 13 июн дар суҳбат бо “Озодагон” далели барканории хонум Шарифзодаро “вайрон кардани интизомӣ хизматӣ” гуфт. Ӯ шарҳ надод, ки лейтинанти 24-сола кай ва чӣ гуна интизоми хизматиро нақз кардааст, аммо афзуд, ҳоло додситонӣ дар ин робита санҷиш мегузаронад.
Хушвақт Машрабзода, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар нишасти имрӯз ба масъалаи аз кор озод шудани Шарифзода ҳам дахл карда афзуд: "Дар рафти тафтишот тавре ба ҳамагон маълум аст, Марям баъди ин ҳангомаҳо аз кор пеш карда шуд. Нисбати ин ҳолат ҳам кор идома дорад".