Ба ҷонибдории Наришкин ҳамаи 238 вакил аз ҳизби «Русияи воҳид» райъ додаанд. Иван Мелников, вакил аз Ҳизби коммунист ва Александр Жуков, вакили ҳизби «Русияи воҳид» муовинони раиси Думаи давлатӣ интихоб шуданд.
Вакилони ҳайати нави Думаи давлатии Русия рӯзи 21 декабр дар нахустин нишаст ба фаъолияти худ оғоз карданд.
Гуфтанист, интихоботи вакилони Думаи давлатии Русия рӯзи 4-уми декабр баргузор шуд. Баъди эълони натоиҷи муқаддамотӣ ҳизбҳои мухолиф бо эътироз аз қонуншиканиҳои бешумор дар кӯчаҳо гирди ҳам омаданд. Раҳпаймоиҳои эътирозӣ то кунун идома дорад ва рӯзи 21-уми декабр дар канори бинои Думаи давлатӣ беш аз 20 нафарро боздошт карданд. Ин афрод мехостанд, алайҳи тақаллуб дар интихоботи порлумонӣ дар Русия намоиши эътирозӣ доир кунанд.