Ҷӯразода дар бораи нобаробарии рушди маҳалҳо ва фирори мағзҳо
Тоҷиддин Ҷӯразода, ноиби раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Тоҷикистон, муҳокимарониҳо дар бораи онро, ки таваҷҷуҳи ҳукумати марказӣ ба рушди минтақаҳои кишвар якхела нест, бепоя донист.
Ҷӯразода имрӯз, 11-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба ниёзмандиҳо ва рушди ҳамаи минтақаҳои кишвар таъкид намуд: “Ҳангоми муҳокимарониҳо бояд ба як чиз таваҷҷуҳ кунем. Пешвои Миллат шахсан ба шаҳру навоҳӣ сафар мекунанд ва ҳар як масъалаи афзалиятнок, ки боиси таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат аст, аз ҷониби он шахс мавриди баррасии мӯшикофона қарор мегирад”.
Ҷӯразода зикр кард, ки маблағгузорӣ дар минтақаҳо ва расондани кӯмак дар доираи стратегия ва барномаҳои қабулшуда амалӣ мегардад: “Ҳар як чорабинӣ вобаста ба афзалиятнокии худ амалӣ карда мешавад”.
Ба гуфтаи ноиби раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президент аз 69 воҳиди ҳудудию маъмурие, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, аксарият ба кӯмаки давлат ниёз доранд. Ҷӯразода изҳор дошт, ки Тоҷикистон куҳсор аст ва ҷойгиршавии маҳалҳо низ гуногунанд. Ӯ афзуд, дар ин вазъ суханҳо, ки ҳамаи минтақаҳо якхела рушд ёбанд, аз руи адолат нест. Ба гуфтаи Ҷӯразода марҳила ба марҳила дар доираи барномаҳо мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ дар маҳалҳо бо ҷалби мардум, давлат ва бахши хусусӣ бартараф карда хоҳанд шуд.
Изҳороти раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президент дар ҳолест, ки таносуби рушди маҳалҳо дар Тоҷикистон хеле фарқкунанда аст ва ба ҳисоби коршиносон маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сари ҳар сокини Суғд аз ММД сари ҳар сокини Бадахшон ба маротиб зиёд мебошад. Чунин нобаробариҳо ба мавқеи ҷуғрофӣ, малакаи соҳибкорӣ, инфрасохтор ва омилҳои дигар рабт дода мешавад.
Дар мавриди фирори мағзҳо аз маҳалҳо, махсусан аз маҳалҳои ақибмондаи Тоҷикистон, Тоҷиддин Ҷӯразода гуфт, муҳоҷират раванди маъмулӣ аст ва он набояд мояи тарс бошад: “Табиати инсон аст, ки кӯшиш мекунад, барои худ шароити беҳтари зиндагӣ фароҳам орад. Аз фирори мағзҳо набояд тарсем. Ҳар чӣ қадар кадрҳои мо дар берун ҷои кор ва мақоми худро пайдо кунанд, ҳамон қадар ин боиси ифтихори мост ва набояд боиси ваҳм гардад”.
Ҳакими Даврон