Геологи № 1: Заминҳои додашуда ба Чин кон надоштанд (ВИДЕО)
Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон, мегӯяд, заминҳое, ки дар доираи созиши дуҷониба ба Чин дода шуданд, ягон кон надоштанд.
Мурод Хол, имрӯз, 11-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ ба суол, ки гӯиё заминҳои додашуда ба Чин сарватҳои зиёд доштаанд, гуфт, то имрӯз ягон кон ва ё зуҳуроте дар он ҷо кашф нашудааст: “Мо аз рӯи ҳуҷҷатҳои геологӣ медонем, ки дар он ҷой ягон зуҳурот ё кон нест”.
Сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон афзуд, ки бо ҳамтоёни чинӣ дар мавриди омӯзиши минтақаҳои наздисарҳадӣ ёддошти тафоҳум доранд: “Омӯзиши муштараки минтақаҳои наздисарҳадии ҳар ду кишвар панҷ сол боз идома доранд. Як қисми корҳои иҷрошуда дар соли ҷорӣ аз ҷониби муттахассисони ду ҷониб муаррифӣ карда шуд”.
Ӯ таъкид кард, ки он омӯзишҳое, ки имрӯз рафта истодаанд, як ҳуҷҷати муҳим барои ҳамкориҳои оянда хоҳанд буд.