Ғарқшавии 5 нафар дар кӯлу дарёҳои Суғд дар рӯзҳои истироҳатӣ
Рӯзҳои истироҳати гузашта дар кӯлу дарёҳои шимоли Тоҷикистон 5 нафар ғарқ шудаанд.
Шаҳзода Бӯттаева, сухангӯйи Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Суғд ба “Озодагон” гуфт, рӯзҳои 9 ва 10 июли соли равон наҷотдиҳандаҳо панҷ нафарро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд. Ба гуфтаи ӯ, 9 июл як ҷавондухтари 20-сола ва як писарбачаи 15-сола, сокинони шаҳри Конибодом ҳангоми оббозӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд ғарқ шудаанд: “Онҳо дар ҷойҳои манъгардида оббозӣ карда, бинобар аз уҳдаи шиноварӣ набаромадан, тақрибан соатҳои 12:20 дақиқа ғарқ гаштаанд ва наҷотдиҳандаҳо фавран ба ҷойи ҳодиса омада, онҳоро берун карданд.
Хонум Буттаева афзуд, 9 июли соли ҷорӣ наҷотдиҳандаҳо 2 сокини Хуҷандро, ки яке 18 ва дигарӣ 20 сол доштаанд, аз “Баҳри Тоҷик”-и шаҳри Гулистон наҷот доданд. Рӯзи 10 июл аз “Баҳри Тоҷик” як сокини 27-солаи шаҳри Хуҷанд наҷот ёфт.
Сухангӯи Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд аз сокинон ва меҳмонон даъват намуд, дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ накунанд, бе надонистани қоидаҳои дурусти оббозӣ ва ҳангоми мастиву сархушӣ вориди об нагарданд. Вай дар идома аз падару модарон аз калонсолон, аз мураббиву муаллимон, хоҳиш кард, кӯдакони худро беназорат нагузоранд: “Дар сурати зарурӣ бо рақамҳои бахши навбатдории Ситод (8-34-22)-5-15-55 ва 93-880-28-57 тамос бигиред”.