(ВИДЕО) Ҳукумат ҳаққи мардум ба додугирифти сангу металҳои қиматро баррасӣ дорад
Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи додугирифти қонунии санг ва металҳои қиматбаҳоро аз сӯи шаҳрвандон ба баррасӣ гирифтааст.
Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Вазорати молия дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дигари давлатӣ ба ҳукумат лоиҳаи қоидаҳои худфаъолиятӣ ва худбиёрии сангу металҳои қиматбаҳоро пешниҳод кардааст.
Ба гуфтаи геологи рақами яки тоҷик агар ҳукумати кишвар пешниҳоди мазкурро қабул кунад, эҳтимол додугирифти қонунии сангу металҳои қиматбаҳо ба шаҳрвандон иҷозат дода хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон мегӯянд, додани ҳаққи қонунӣ ба шаҳрвандон барои пайдо ва фурӯши сангу металҳои қиматбаҳо аз як тараф мушкили иқтисодӣ ва иҷтимоиро ҳал мекунад ва аз ҷониби дигар қочоқу харидуфурӯши ғайриқонунии ин боигарҳои кишварро коҳиш медиҳад.
Ҳакими Даврон