Шурӯи мулоқоти Президент бо фаъолон
Субҳи имрӯз, 11 июл мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардид.
Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, дар ин мулоқот намояндагони касбу кори гуногун аз шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон баромад намуда, вобаста ба бандҳои алоҳидаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таклифу пешниҳодҳои худро баён хоҳанд кард. Манбаъ мегӯяд, бо ташббуси раисиҷумҳур дар рӯзҳои таҷлили 10 — умин солгарди қабули қонун ба хотири натиҷагирӣ аз он боз як ҳамоиши васеъ доир карда шуд, то ин ки бо дархосту пешниҳоди нави шаҳрвандон ба хотири такмил додани санади муҳим ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шавад: “Бо супориши Пешвои миллат то имрӯз тавассути телефонҳои боварӣ, почтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма фикру дархост, таклифу пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷамъ оварда шуд”. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, ҳамаи ин тадбирҳо пеш аз ҳама барои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст ва ҳадафи дигар рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму оинҳои аз байнрафта, ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад. Манбаъ ёдоварӣ наммудааст, ки даҳ сол пеш, яъне соли 2007 бо ҳамовозии амиқи мардуми кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.