Минтақаи Кӯлоб: Беш аз 100 деҳа ҳанӯз барқ надорад...
Сардори Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб теъдоди деҳаҳоеро, ки ҳанӯз ба онҳо хатти барқ кашида нашудааст, 101-то гуфт.
Давлатназар Холов имрӯз, 10 июн дар нишасти хабарие дар шаҳри Кӯлоб таъкид намуд, ин рустоҳои бебарқ дар 5 ноҳияи куҳистони минтақа қарор доранд: “Дар ноҳияҳои Ховалинг 10 деҳа, дар Балҷувон 40 деҳаи хурд, дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 17 деҳа ва монанди ин”. Ӯ мегӯяд, аслан ҳокимияти маҳаллҳо масъули таъмини барқ ҳастанд: “Кори мо назорат ва таъмири сичубу ноқилҳост".
Ба гуфтаи Холов, баъзе сокинони ин деҳаҳо аз ҳисоби худ батареяҳои офтобӣ харидаанд, ки танҳо дар фасли тобистон мушкили бебарқиашонро рафъ месозаду бас.