Баррасии фармон дар бораи ҳифзи ҳуқуқи айбдоршавандаҳо аз сӯи муфаттишу додрасҳо
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикстон хостори пурзӯр намудани назорати риояи ҳуқуқи инсон ҳангоми пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва ба амал баровардани адолати судӣ шудааст.
Тибқи иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсону шаҳрванд аз сӯи муфаттишону додрасҳо аз мавзуъҳои меҳварии ҷаласаи васеи ҳайати мушовара буд.
Манбаъ зикр кард, Прокурори генералии Тоҷикистон 15 феврали соли 2016 фармони махсус “Дар бораи пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷараёни пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва ба амал баровардани адолати судӣ” содир карда буд ва ҳолати иҷрои он дар нимсолаи аввали соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷмуъ Юсуф Раҳмон изҳор доштааст, ки мақомоти прокуратура дар ин давра фаъолияти худро хеле беҳтар намуда, дар ҳамаи самтҳои назорати прокурорӣ ба пешравиҳо ноил гардид: “Аз натиҷаи таҳлилу ҷамъбаст ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ вазифаҳои мақомоти прокуратураро дар нимаи дуюми соли 2017 муайян намуд”.