4 куштаю 7 маҷруҳ ва тахрибкориҳои дигари сел дар Бадахшон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари сел, ки баъди зуҳри 8-уми июл аз қаламрави Бадахшони Афғонистон фуруд омад, 4 нафар ҳалок ва 7 нафар захмӣ шуданд.
Тибқи иттилои Кумита дар пайи сел дар вулусволии Шикайи ноҳияи Дарвози Афғонистон 4 нафр ҳалок кард, 7 тани дигар аз он захм бардоштанд. Дар қаламрави Тоҷикистон сели азим ҳарчанд хонаҳои мардумро зери об кард, вале талафоти ҷонӣ дар пай надошт.
Дар мавриди тахрибкориҳои сел дар қаламрави Тоҷикистон КҲФ изҳор дошт, ки дар рустои Хостав, ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз 19 хонаи истиқоматӣ ва ҳудудан 800 метр роҳ дар 319 километрии шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ низ зери об монда, ҳаракати мошинҳо ба ду самт мутаваққиф гардид.
Манбаъ афзуд, ки сокинони маҳаллӣ ба ҷойи амну бехатар интиқол дода шуданд ва дар айни замон бо ғизои гарм таъмин карда мешавад: “Ситоди доимамалкунанда созмон дода шуд. Масъалаи кӯмакҳои аввалияи ба зарардигаон аз офат дар садади ҳал шудан аст”.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода илова намуд, ки дар айни замон коҳиши тадриҷии сатҳи об дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда ба мушоҳида мерасад: “Қитъаи 300-метр роҳи мошингард ҳамоно зери об аст”.