Усмонов: Дин дар Афғонистон наметавонад созандаи сулҳ бошад
Профессор Иброҳим Усмонов муътақид аст, ки дин ҳамчун нерӯи созандаи сулҳ дар Афғонистон ба кор намеравад.
Усмонов зимни маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар бораи вазъи Афғонистон гуфт, дин ва миллат ду қувваи созандаи ҷанг ва ду қувваи созандаи сулҳ мебошанд: “Имрӯз дин дар Афғонистон қувваи созандаи сулҳ шуда наметавонад. Ҳамаи қувваҳои сиёсие, ки дар Афғонистон буду ҳаст ба даъвои дин буданд, яъне дар муқобили ин қувва, қувваи меистодагии дигар нест, вуҷуд надорад”.
Ба бовари Усмонов қувваи созандаи сулҳи Афғонистон имрӯз метавонад миллат бошад: “Такя ба миллат ба миллият ё қавмҳои Афғонистон аст”.
Ӯ мушкили барқрории сулҳро дар он гуфт, ки ҳануз мардуми Афғонистон муайян накардаанд, ки чӣ мехоҳанд: “Як гуруҳ имрӯз як чиз ва ҳамин гуруҳ фардо чизи дигар мехоҳад. Чунки мушаххассоти хоҳишҳои миллӣ ба вуҷуд наомадааст. Инро ташаккул додан лозим аст. Ин аввалин коре ки барои сулҳи Афғонистон кардан лозим аст. Дар Афғонистон ҳануз гуфтушунид ба кор намеравад , зеро маълум нест, ки кӣ бо кӣ гуфтушунид кунад ва бояд инро низ мушаххас кард”.
Усмонов афзуд, ҳеч давлат танҳо ба сари худ мустақил шуда наметавонад: “Як қувваи такягоҳе лозим аст. Ниҳоле, ки шинондем агар шахси обдиҳанда набошад, он ниҳол сабз намешавад. Агар сулҳе, ки кардан мехоҳанд, шахси парастор ва ё гуруҳи парастор надошта бошад, намешавад. Инро ҳам ёфтанашон лозим аст, муайян карданашон лозим аст ва он вақт дар бораи сулҳ гап меравад”.