Дар шимоли кишвар аз дуди ғализи ангишт се нафар ба ҳалокат расиданд.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар РКД вилояти Суғд иттилоъ дод, миёни қурбоншудагон як кӯдаки сесола ҳам ҳаст. Манбаъ мегӯяд, ин афрод, ки манзили иқоматиашонро бо ангишт гарм мекардаанд, аз беэҳтиётӣ ба марг расидаанд.
Гуфтанист, дар пайи ин ҳодисаи заҳролудшавӣ, сокини 20- солаи ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом О.Н, истиқоматкунандаи ҷамоати Навгилеми ноҳияи Исфара Т.Д ва писарчаи сесола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров О.Ш қурбон шудаанд.