Омбудсмени кӯдак: Аз Сурияву Ироқ 5 кӯдак ба Тоҷикистон баргардонида шуд
Масъулини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак мегӯянд, дар кишвар ҳанӯз ҳам норасоии мактабҳои таҳсилоти умум вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи Аҳад Содиқов, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, айни ҳол дар кишвар 3865 мактаб мавҷуд буда, беш аз 200 бинои нав барои хонандаҳо сохта мешавад: Ӯ дар ҳошияи муаррифии лоиҳаи Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак имрӯз, 7 июл дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “шумораи мактабҳо дар Тоҷикистон кам буда, то ҳол дида мешавад, ки дар баъзе мактабҳо паси як миз то 3-4 нафар мешинанд. Мо бояд кушиш кунем, ки кӯдакон бо лавозимоти мактабӣ таъмин бошанд”.
Ҷаноби Содиқов афзуд, тибқи муқаррарот дар як синфхона дар марказҳо то 25 ва дар деҳотҷойҳо бояд то 20 хонанда таҳсил кунанд, вале ҳоло мушоҳида мешавад, ки ин меъёр риоят намешавад. Норасоии адабиёти махсус барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва набудани кадрҳое, ки тавонанд бо онҳо кор кунанд, яке аз дигар мушкили кӯдакони тоҷик унвон шуд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак пас аз супориши раисҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2016 таъсис ёфт.
Масъулони ин ниҳод мегӯянд, кори онҳо дар мадди аввал ёрӣ расондан ба кӯдакони имконияташон маҳдуд мебошад: “Ҳамчунин мо бо дигар самтҳо низ фаъолият мекунем, аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакон аз оилаҳои гурезаҳо, кӯдакон аз оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар котегорияҳои кӯдакон дар мадди назари доимии мо хоҳанд буд”.
Аҳад Содиқов дар идома аз соҳибкорон даъват кард, дар бунёди боғчаҳои кудакон саҳмгузор бошанд: “Мутаасифона, соҳибкорони мо дар ин самт фаъол нестанд”.
Содиқов ба мавзӯи ҳузури ноболиғон дар муассисаҳои пӯшида ва нимпӯшида ҳам дахл намуда, изҳор дошт, пайваста бо роҳбарияти ин муассисаҳо дар тамосанд ва ҳамасола то 2 маротиба чунин муассисаҳо мавриди санҷиш қарор мегиранд. Сабаби дар муассисаҳои пӯшида қарор доштани баъзе ноболиғонро вай мушкили ҷомеа гуфт: “Зеро мо танавонистем онҳоро дуруст тарбия кунем. Аммо барои чунин кудакон дар муссиса тамоми шароит муҳайё шуда, таҳсилоти умумии асосиро мегиранд. Мо кушиш мекунем, ки ҳуқуқҳои онҳо риоя шуда, бо таълим фаро гирифта шаванд. Талош мекунем, дар оянда шумораи онҳо кам шаванд”.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар Муассисаи колония барои ноболиғон ҳамагӣ 48 ноболиғ қарор дошта, ҳамаашон писар ҳастанд: “Хушбахтона ягон духтар нест”.
Дар ҳамин ҳол, Раҷабмоҳ Ҳабибуллоҳзода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак вобаста ба кӯдакони тоҷике, ки дар Сурияву Ироқ қарор доранд, гуфт, то ҳол панҷ нафари онҳо ба ватан оварда шудаанд: “Мақомоти дахлдор барои баргардондани ин кӯдакон аз кишварҳои Ироқу Сурия чора меандешанд”.
Аммо хонум Ҳабибуллоҳзода омори дақиқи кӯдакони тоҷики дар ин ду кишвари арабибударо эълон накард.