Нашри акси муттаҳамон дар дуздӣ ҳангоми сӯхтори “Корвон” (АКС)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон акси афродеро, ки дар дуздии моли тоҷирони бозори “Корвон” ҳангоми сӯхтор муттаҳам мешаванд, нашр кардааст.
Тибқи гузориши ВКД, миёни боздоштшудаҳо, ки беш аз 10 нафарро ташкил медиҳанд, аз ҷумла ноболиғон низ мебошанд. ВКД аз бепарвоии бархе волидон интиқод кардааст, ки шабона дар куҷо гаштани фарзандони ноболиғашонро назорат намекунанд: “Гурӯҳи ҷавонону ноболиғон ба ҷои кӯмак, ба дуздии молу ашёи тоҷирон даст зада, ба онҳо зарари махсусан калони пулӣ расонидаанд”.
Ба иттилои манбаъ, аз боздоштшудагон моли дуздида ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира гардид.
ВКД зикр кард, ки сӯхтори шоми 2 июл дар бозори Корвон дар пайи расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ сар зада буд ва масоҳати 480 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Ба иттилои ин ниҳод, сӯхтор соати 20:03 ба амал омада, дар натиҷа 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар дидаанд: “Ба ҷои ҳодиса 28 адад автомашинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва зиёда аз 2000 нафар ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар карда шуданд”.
Тоҷирони бозор мегӯянд, сӯхтор аз дарвозаи шашум, ҷойе ки либосу пойафзол фурӯхта мешавад, шурӯъ шуда буд. Тоҷирон, ки дар пайи сӯхтори шоми 2 июл хисорот дидаанд, ду сол аз пардохти хароҷотҳои бозор озод гардиданд.