Туркманистон пеш аз Осиё-2017 назорати хориҷиҳоро шадидтар кард
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Туркманистон ҳисоботи раҳбарияти хадамоти муҳоҷирати ин кишвар оиди ба қайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ шунида шуд. Ҳамчунин талаб шуд, ки ба қайдгирии меҳмонони хориҷӣ, новобаста ба он ки бо сафари корӣ ё шиносоӣ вориди Туркманистон мешаванд, шадидтар шавад.
Қарор аст, аз 17 то 27 сентябри соли равон дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон 5-умин даври Бозиҳои осиёӣ баргузор шавад. Дар арафаи ин чорабинӣ мақомоти Туркманистон барои сайёҳони хориҷӣ, ки мехоҳанд, раводид ё визаи ин кишварро дарёфт кунанд, чанд талаботи иловагиеро роҳандозӣ намудаанд.
Аз ҷумла, кирояи роҳбаладони маҳаллӣ расман ҳатмӣ шудааст. "Ҳангоми сайёҳат дар Туркманистон ҷаҳонгардонро роҳбаладон бояд ҳамроҳӣ кунанд. Хароҷоти ин ҳамаро бояд сайёҳ пардохт кунад", - омадааст дар сомонаи расмии чорабинӣ.
Ҳамчунин ба гуфтаи масъулони ширкатҳои сайёҳии Туркманистон, вақтҳои ахир талаботи хадамоти амнияти ин кишвар дар бораи ҷамъоварӣ ва пешниҳоди иттилоъ оиди сайёҳон шадидтар шудааст.