Боздошти директори мактаб барои порагирӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 42-сола, директори яке аз мактабҳои шаҳри Конибодом хабар дод, ки дар порагирӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилоияи ВКД боздоштшуда моҳи феврали соли равон барои аз як синф ба синфи дигар гузаронидани хонандае, ки дар дарсҳои соли таҳсили 2016-2017 иштирок накардааст, аз модаркалони ӯ 10 ҳазор рубли русӣ пора талаб кардааст.
Манбаъ мегӯяд, директор 5-уми июл пас аз гирифтани маблағ дар ҳудуди бинои мактаб аз ҷониби мақомот дастгир гардида, далели шайъӣ гирифта шудааст: “Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.