“Мардҳо бо насупурдани алимент аз занҳои собиқашон қасд мегиранд”
Дар шаҳри Кӯлоб 12 нафар барои саркашӣ аз пардохти алимент муҷозот шудаанд.
Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, баъзе мардҳо мехоҳанд бо насупурдани алимент аз ҳамсари собиқашон “қасос” бигиранд: “Бо он хусумат, ки дар гузашта миёни зану шавҳар буд, мардҳо бо роҳи насупурдани ҳаққи фарзандон ба таври худ аз занҳои собиқашон қасд мегиранд. Давоми панҷ моҳи соли равон 12 нафар барои напардохтани алимент ба додгоҳ кашида шуд ва аксари онҳо баъди қарори суд маблағҳоро пурра супориданд”.
Манбаъ афзуд, давоми панҷ моҳи ахир дар мавриди ситонидани алимент 108 нафар ба додгоҳ муроҷиат намудааст.