Лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасии вакилони МН қарор гирифт.
Хабарнигори парлумонии «Озодагон» мегӯяд, Ҷамшед Норинов, муовини вазири молияи Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро муаррифӣ намуда изҳор дошт, ки тарҳи қонуни мазкур низоми мақомоти идоракунии давлатии ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро, ки тибқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ба президент ва ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобдиҳанда мебошанд, танзим менамояд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки қонуни мазкур аз 4 боб ва 20 модда иборат буда, муқаррароти умумии асосҳои вазъи ҳуқуқии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои ташкили фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии ва муқаррароти хотимавиро дарбар мегирад. Ба гуфтаи Ҷамшед Норинов, тибқи барнома тасвиби ин лоиҳа яке аз шартҳои Бонки Ҷаҳонӣ аст ва ҷиҳати амалӣ намудани он Ассосатсияи Байналмилалии Рушд дар ҳаҷми 10 миллион доллари амрикоӣ барои дастгирии буҷа маблағ ҷудо мекунад.