Раддабандии FIFA: Тоҷикистон 12 зина ақиб рафт
Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA-Федератсияи байналмилалии футбол, ки 6 июл нашр шуд, 12 зинаро аз даст додааст.
Мунтахаби футболи кишвар, ки моҳи гузашта бо 205 имтиёз зинаи 137-ро муаррифӣ мекард, дар раддабандии нав бо ҳамин имтиёз дар ҷойи 149, аз ҳама поин миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон пештоз, дар ҷойи 65-ум мебошад. Қазоқистон дар зинаи 106, Қирғизистон 127 ва Туркманистон дар зинаи 137–уманд.
Ин моҳ мунтахаби Олмон дар феҳристи ФИФА мақоми аввалро гирифта, Бразилия дар ҷойи дувум ва Аргентина дар ҷойи сеюм мебошанд. Португалия, Швейтсария, Лаҳистон, Чилӣ, Колумбия, Фаронса, ва Белгия шомили даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон гардидаанд.
12 зина поин рафтани мақоми Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА дар пайи бохти мунтахаби кишвар аз дастаи Филиппин сурат гирифт. Дастаи яккачини футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, ки 13 июн дар Душанбе доир гашт, аз дастаи Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.