РБК: Путин дар интихобот ҳамчун номзади худпешбар иштирок мекунад
Раисҷумҳури кунунии Русия Владимир Путин дар интихоботи навбатии президентии Русия ҳамчун номзади худпешбар иштирок мекунад. "Ин сенарияро Кремл ҳамчун гузинаи беҳтар баррасӣ дорад", - навиштааст РБК бо истинод ба манобеи худ.
Ҳамсуҳбатони расона, ки аз онҳо ном бурда намешавад, гуфтаанд, Путин аз "пуштибонии ҷиддии ҷомеа" бархурдор мебошад, ки назар ба ҳимояти ҳизби "Русияи воҳид" қавитар аст. Бинобар ин, ба гуфтаи онҳо, Путин ба эҳтимоли зиёд дар интихоботи оянда ҳамчун номзади худпешбар ширкат хоҳад кард.
Санаи интихоботи президентии навбатии Русия 18 марти соли 2018 муайян шудааст. Худи Путин аз посух ба пурсишҳо дар бораи иштирокаш дар интихобот худдорӣ мекунад.