Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: Ҳангоми баромадан ба кӯча кулоҳ ё чатрро фаромӯш накунед
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, давоми панҷ рӯзи оянда дар кишвар ҳарорати ҳаво то 43 дараҷа боло рафта, обшавии барфу пиряхҳо, баландшавии оби рӯдхонаҳо, хатари омадани сел ва резиши санг дар назар аст.
Ин ниҳод бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии кишвар гуфтааст, аз 6 то 10 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои гарму хушк ҳифз гашта, ҳадди ниҳоии ҳарорати ҳаво то 43 дараҷа боло меравад. Ба иттилои манбаъ, баланд шудани ҳарорати ҳаво маъмулан ба обшавии барфу пиряхҳо сабаб мешавад: “Дар натиҷа оби рӯдхонаҳо меафзояд ва эҳтимол меравад дар баъзе манотиқ муҷиби омадани сел ва сангрезиш ҳам шавад”.
Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, давоми панҷ рӯзи оянда аз эҳтиёт кор бигиранд: “Бахусус дар ҳолатҳои истифода аз роҳҳои куҳӣ, будубош дар соҳили рӯдхонаву обанбор ва ҳавзҳо ҳушёриро аз даст надиҳанд”.
Ин ниҳон ҳамчунин ба сокинон тавсия додааст, дар рӯзҳои гарм камтар зери шуои офтоб қарор бигиранд ва ҳангоми баромадан ба кӯча кулоҳ ё чатрашонро фаромӯш насозанд: “Бештар об истеъмол кунед, дар роҳҳо бодиққат бошед, чун маъмулан дар гармои шадид саломатӣ метавонад бад шавад. Дар хотир дошта бошед, ки аз ҳама зиёдтар пирон ва кӯдакон ба хатари гармо рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар соҳилҳо эҳтиёткор бошед, қоидаҳои бехатарии будубош дар назди рӯдхонаҳо, каналҳо ва обанборҳоро риоя намоед”.