Марям Ҳамраева мегӯяд, баъди он ки рэпсароии наберааш – Дилшодро гуш кард, тасмим гирифт, ҳамроҳи ӯ тарона иҷро кунад. “Ман гуфтам эҳтимол аз ту хубтар мехонам”,-мегӯяд ӯ дар як навори видеоӣ. Ба қавли Дилшод Иброҳимов одатан мардум аз солмандон чунин интизоре надоранд: “Мардум фикр мекунанд, ки солмандон ба дарку фаҳми чунин мусиқиҳо намераванд”.
Дар интернет чанд таронаи Марям ва Далерро дидан мумкин аст, ки дар як муддати кутоҳ хонандаи зиёд пайдо кардаанд. Бибӣ ва набера тасмим доранд, як маҷмӯаи таронаҳоро сабт ва ба бозор бароранд.