Эълон: Роҳ ба Варзоб баста мебошад
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон эълон кардааст, ки имрӯз, 6-уми июл ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ аз маҳаллаи «Варзоб ГЭС»-и шаҳри Душанбе то мавзеи «Такфон»-и ноҳияи Айнӣ маҳдуд карда мешавад.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод маҳдудияти ҳаракат соати 6-и субҳ оғоз шуда, то 18:00 идома хоҳад дошт.
Манбаъ сабаби маҳдудиятро ба таъмини амнияти ҳаракати роҳбарони 4 кишвар-Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон рабт додааст, ки барои гузаронидани чорабиниҳои марбут ба лоиҳаи «CASA-1000» дар Тоҷикистон қарор доранд.
Имрӯз дар бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар мавзеи Пуғуси ноҳияи Варзоб бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдорони КАСА-1000 баргузор мегардад.