Ҳалокати донишҷӯй аз зарби барқ баъди оббозӣ
Донишҷӯйи 20-солаи тоҷик аз зарби барқ баъди оббозӣ ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ нохушӣ 5-уми июл, тахминан соати 14:15 рух додааст: “Ҷавонписари 20-сола, сокини ноҳияи Фархор, донишҷӯи соли 2-юми яке аз донишгоҳҳои кишвар, пас аз оббозӣ дар канали деҳаи Файзободи ноҳияи Ҳамадонӣ хостааст, либосҳои варзишиашро овезон кунад, ки ногаҳон дасташ ба ноқилҳои барқӣ расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, ҷавон аз шиддати ҷараёни барқ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ аз аввали соли равон ҳудуди 65 нафар, аз ҷумла кӯдакону ноболиғон ҳангоми оббозӣ ва беэҳтиётиашон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.