Манбаъ афзуд, дар мулоқотҳо доираи васеи масоили ҳарбӣ ва ҳарбии техникӣ, омодасозии кадрҳои низомӣ ва дигар масоили вобаста ба густариши минбаъдаи муносибатҳои низомӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Тибқи нақша дар доираи сафари расмии райиси кумитаи сарситоди мутаҳиддаи қувваҳои мусаллаҳи Покистон аз пойгоҳи чанде аз қисму воҳидҳои вазорати мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо ҳайати афсарону сарбозон вомехӯрад.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбии техникии вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо Покистон аз соли 2009-ум шурӯъ гардида, сол аз сол густариш меёбад.