"Задухӯрди мақомот бо наздикони Ҳалимов 4 кушта барҷой гузошт"
Дар пайи як задухӯрд бо мақомоти интизомӣ дар деҳаи Ибрати ҷамоати Тугаракаи ноҳияи Восеъ чаҳор нафар аз наздикони Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон кушта ва се нафари дигар боздошт шудаанд. Дар ин бора як манбаи "Озодагон" аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, кушташудаҳо амакбачаю тағозодаҳои Ҳалимов мебошанд: "Дар маҷмуъ 7 нафар буданд, ки ҳангоми амалиёти боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд. Як корманди милисаро захмӣ карданд, ки айни ҳол дар беморхона қарор дорад. Амалиётро масъулини мақомот, ки аз шаҳри Душанбе омадаанд, гузаронданд. Се нафар аз наздикони Ҳалимов боздошт гардиданд".
Мусоҳиби "Озоодагон" афзуд, наздикони Ҳалимов мехостаанд ба Афғонистон фирор намоянд, аммо мақомот аз қасди онҳо огоҳ шудаанд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, тирпаронӣ соати 19-20 рух дода, ҳудуди 15 дақиқа давом кард. Дар пайи ин ҳодиса Анвар Ҳусейнов, муовини сардори Шӯъбаи кофтукови ҷиноии РКД дар Душанбе ҳам ҷароҳат бардошта, ҳоло дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ аст. Сарахон Хуҷаёров, муовини сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баъди ба беморхона мунтақил шуданиҲусейнов фавран ӯро ҷарроҳӣ кардаанд: “Айни ҳол ӯ дар шӯъбаи эҳё қарор дошта, саломатиаш дар чанд рӯзи оянда хуб хоҳад гашт”.
Ҳафтаи гузашта бародарзодаи Гулмурод Ҳалимов аз Ҷумҳурии Адигеяи Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд. Инчунин ҳоло додгоҳ парвандаи Беҳрузи Гулмурод, писари 18-солаи ӯро баррасӣ мекунад. Беҳрӯзро мақомот барои қасди пайвастан ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" муттаҳам медонанд.