Кӯмакхоҳӣ барои пайдо кардани ҷавондухтари гумшуда (АКС)
Зуҳро Исоева, духтари 17-солаи тоҷик 5 рӯз боз бедарак шудааст.
Тавре Гулҷаҳон Исоева, модари Зуҳро ба “Озодагон” иттилоъ дод, духтараш субҳи 1-уми июл аз хонаашон дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Россия, кӯчаи Алочабоф 154 баромада бедарак шудааст: “Дар тан куртаи папалини сиёҳу сафед рӯмоли сурх дошт ва бо худ ҳамчунин як куртаи дигар ва руймоли сабз низ гирифтааст”.
Ба гуфтаи Исоева духтараш маъюб буда, биноии чашмонаш 80%-ро ташкил медиҳад.
Модари Зуҳро дар баробари муроҷиат мақомоти корҳои дохила ва прокуратура аз шаҳрвандони кишвар низ хоҳоиш намудааст, ки дар пайдо намудани духатараш ба ӯ ёрӣ расонанд. Ӯ аз афроде, ки духтарашро дидаанд, ё дар борааш маълумот доранд, хоҳиш кард, ки тариқи рақамҳои 91 739 54 55, 90 277 75 92, 934 21 11 73 тамос гиранд.