Р.Эмомалӣ ба писари Шарифхон Самӣ мансаби нав дод
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо имзои як қарор муассисаи нави давлатии «Маркази хизматрасонии Обшорон»-ро таъсис додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Рустами Эмомалӣ қарор кардааст, ки Самиев Муродҷон Шарифхонович директори Муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии Обшорон» таъин карда шавад: “Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр маблағгузорӣ намудани фаъолияти муассисаи мазкурро дар соли 2017 таъмин намуда, ҳангоми таҳияи буҷети солҳои минбаъда маблағҳои заруриро барои нигоҳдошти муассиса пешбинӣ намояд”.
Шаҳрдори Душанбе қарори мазкурро барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи пойтахт пешниҳод намудаст.
Рустами Эмомалӣ маркази нави истироҳатии "Обшорон" - калонтарин Аквапарк дар мамлакатро 19-уми июн ба истифоад дод: “Маркази мазкур аз маҷмааҳои истироҳатӣ, ҳафт ҳавзи аквапарк ва шиноварию ландшафтӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун, 14 адад аттраксионҳои беназири обӣ ҳам барои калонсолон ва ҳам кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ дар об иборат буда, бо харҷи 63 миллиону 628 ҳазору 532 сомонӣ бунёд гардидааст. Он дар як вақт ба беш аз 300 нафар мизоҷон хизмат мерасонад”.
Рустами Эмомалӣ дар пайи шиносоӣ бо шароити мавҷудаи истироҳату фароғат дар аквапарк, барои ташкили хизматрасонии сифатан хубу муосир ба мардум ва ба макони воқеии истироҳату фароғати шаҳрвандон табдил додани он супориш додааст.