2 нохушӣ дар 1 рӯз: Аз порашавии табар то ҳамлаи гургҳо
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз 2 нохушии маргбор дар кишвар хабар дод, ки 1-уми июл рух доданд.
Тибқи иттилои ВКД тахминан соати 08:00, марди 42-солаи сокини деҳаи Ҳ.Олимови ноҳияи Н.Хусрав дар саҳни ҳавлӣ бо писари 21-солааш ба таъмири “Форланд” машғул будаанд: “Падару писар бо табар корзинаи мошинро кушоданӣ мешаванд, ки дар натиҷа табар пора-пора шуда, заррачаҳои он ба ҳар тараф паҳну парешон шудаанд. Дар натиҷа ҳар ду ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, марди 42-сола дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст”.
ВКД афзуд, ки ҳодисаи нохуши дигар дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба қайд гирифта шуд: “Рӯзи 1-уми июл, тахминан соати 15:30-дақиқа, писарбачаи 2-солаи сокини деҳаи Имоми ноҳияи Шуғнон, ҳангоми бозӣ дар назди хонаи истиқоматиашон ҳадафи ҳамлаи гургҳо қарор гирифтааст. Мутаассифона хурдсол, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.