Сархатиб гуфт, арзиши соаташ 20 ҳазор доллар нест
Қорӣ Анвар Турсунов, сархатиби шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон гуфтааст, соати дастиаш, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор оварда, бархеи корбарон арзиши онро 20 ҳазор доллари амрикоӣ гуфтаанд, тилоӣ нест. Ин соатро ӯ дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд баста буд.
Ба гуфтаи руҳонӣ, пеш аз Иди Фитр соати дастиаш аз кор монд. "Дар ҳамин ҳол ҷавони ошное канорам менишаст. Ӯ соати дастияшро ба ман туҳфа кард. Вақте пурсидам, ки чи қадар арзиш дорад, гуфт, дар Дубай бар ивази 200 доллар харидааст. Ҳоло овозаҳо паҳн шудааст, ки гӯиё ман соати 20 ҳазор долларӣ мебандам. Чаро туҳмат мекунанд? Дар бораи ин ҳама бояд аввал аз ман пурсанд ва соатро гирифта, арзишашро муайян кунанд. Дар умрам соати тилоӣ набастаам",-афзудааст ӯ.
Ӯ хабарҳо дар бораи зиндагии бошукуҳ доштанашро низ рад кардааст: "Дар хонаи падарам зиндагӣ мекунам. Шахси доро нестам. Метавонед ба хонаи ман омада, инро бо чашми худ бинед. Ман дар хонаи шахсӣ, дар масоҳати 0,03 гектар замин зиндагӣ дорам. Базудӣ 60 сола мешавам, вале то ҳол ягон хона бунёд накардаам. 5 фарзанд дорам ва аз модари пирам муроқибат мекунам. Агар зиндагии ман барои касе аҳамият дошта бошад, бигзор ба хонаам биояд".
Бархе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки сархатиби Тошканд мошини BMW 6 дорад. Вале Турсунов ин хабарро низ рад карда, гуфт, мошини навъи қадимии Chevrolet Captiva дорад ва онро барои ӯ писари соҳибкораш харидааст.
Қорӣ Анвар Турсунови 59-сола яке аз маъруфтарин руҳониёни расмии Узбакистон аст.