Таъхири парвозҳои “Ямал” ба Душанбе ва Хуҷанд
Оғози парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавонавардии “Ямал”-и Русия ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, ки 1-уми июл дар назар буд, боз ба таъхир афтодааст.
Иля Лебедев, муовини директори тиҷоратии “Ямал”, бо нашри як изҳорот баён доштааст, ки парвозҳо аз фурудгоҳои “Жуковский” ба Душанбе ва Хуҷанд аз 15-уми сентябри соли равон оғоз хоҳанд шуд: “Созиш барои парвозҳо муҳлати зиёд гирифт ва мо натавонистем, саривақт чиптаҳоро ба фурӯш гузорем. Барои фурӯши хуб зарур аст, ки чиптаҳо барвақттар ба фурӯш гузошта шаванд ва мо тасмим гирифтем, ки парвозҳоро аз 15-уми сентябр амалӣ кунем. Феълан фурӯши чиптаҳоро оғоз кардем. Парвозҳо тибқи созиш се борӣ ба шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд амалӣ хоҳанд шуд”.
Маҳз масъалаи парвози ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский” ба Душанбе ва Хуҷанд дар тақрибан ним соли қабл сабаби “таниши ҳавойӣ” миёни Тоҷикистону Русия шуда буд.
Моҳи декабри соли 2016 Тоҷикистон ба ширкати “Ямал” иҷоза надод, ки ҳавопаймоҳояш аз фурудгоҳи нави “Жуковский” ба Тоҷикистон парвоз кунад. Дар пайи ин, Вазорати нақлиёти Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-ро ба баъзе минтақаҳои ин кишвар қатъ намуд. Дар пайи “таниши ҳавойӣ” садҳо муҳоҷири тоҷик, ки чиптаи ҳавопаймо харидорӣ карда буданд, дар фурудгоҳҳо дармонданд. Баъди чанд мулоқоти бенатиҷа, билохира 27 январ Вазорати нақлиёти Русия эълон кард, Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз “Жуковский” ба Душанбеву Хуҷанд ризоят дода ва ширкати “Сомон Эйр” ҳам иҷозати парвоз ба шаҳрҳои Красноярск, Краснодар, Уфа ва Оренбургро дарёфт кардааст.