Бехабар намонед: Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чанок 13 соат қатъ мешавад
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, 6 июл ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок маҳдуд хоҳад шуд.
Далели ин иқдом “таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни гузаронидани чорабиниҳои лоиҳаи “CASA-1000” гуфта мешавад. Ба иттилои манбаъ, “аз соати 06:00 то 18:00 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок аз маҳаллаи “Варзоб ГЭС”-и шаҳри Душанбе то мавзеи “Такфон”-и ноҳияи Айнӣ маҳдуд карда мешавад”.
БДА аз аз ронанда ва шаҳрвандон хоҳиш кардааст, дар ин рӯз аз сафар худдорӣ намоянд.