Ҳалокати 6 нафар ҳангоми оббозӣ дар ду рӯз
Танҳо рӯзҳои шанбе ва якшанбеи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон шаш нафар ғарқ шудааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, 1 июл як сокини 17-солаи деҳаи Хурамчашмаи ноҳияи Данғара дар дарёи “Вахш” ва ду писарчаи 14 ва 9-сола аз Исфара дар ҳавзи сунъии бетонӣ, воқеъ дар мавзеъи Чорчинори ҷамоати деҳоти Ворух, ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. Рӯзи 2 июл низ ҳангоми оббозӣ се тан ҷон додаанд. Сокини 26-солаи деҳаи Садоқати ноҳияи Рӯдакӣ дар дарёи “Кофарниҳон”, як ҷавондухтари 22-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа дар дарёи “Вахш” ва писарбачаи 14-солаи сокини ноҳияи Ёвон дар канали обгузари назди манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расидаанд.
Давоми ду моҳи ахир дар дарё ва кӯлҳои Тоҷикистон ҳудуди 20 нафар ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расидаанд.