Ҳалокати муҳоҷири 21-солаи тоҷик ҳангоми таъмири мурғхона
Мақомоти Русия мегӯянд, дар пайи кандашавии девор ва фурӯ рехтани шифти корхонаи мурғпарварӣ дар шаҳраки Иртишски вилояти Омск ҷавони 21-солаи тоҷик ҷон додааст.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия нохушӣ 1-уми июл, тақрибан соати 9-и субҳ ҳангоми таъмири бинои корхонаи мурғпарварӣ рух додааст: “Ҳангоми кор барои мустаҳкамсозии таҳкурсии бино девору шифт болои сари ҷавони тоҷик чаппа шудаанд”.
Манбаъ афзуд, ки феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад.