Пулис: Марди 28-сола нимашаб ҳамдеҳаашро куфта, гарданбандашро рабудааст
Як сокини 28-солаи ноҳияи Восеъ бо иттиҳоми роҳзанӣ боздошт шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, боздошти ин ҷавон дар пайи шикояти як зани 24-солаи ноҳияи мазкур сурат гирифтааст. Ин зан дар аризаи худ унвонии сардори ШВКД дар ноҳияи Восеъ навиштааст, соатҳои тахминан 03:30-и якуми июл шахси номаълум вориди манзили истиқоматиаш шуда, бо олоти бурандаю халанда як маротиба ба баданаш мезанад. “Баъдан, бо роҳи зӯроварӣ аз гарданаш гарданбанди тиллоӣ, ки арзишаш 1000-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”,-хабар медиҳад манбаъ.
Ба иттилои ВКД, бо гумони содир кардани ин ҷиноят кормандони пулис як ҷавони 28-соларо дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ӯ дар гузашта бар пояи моддаҳои 138 қисми 2 ва 200 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда будааст: “Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад”.