Ҷузъиёти ҷаласаи Р.Эмомалӣ дар бораи сӯхтори “Корвон”
Шаҳрдории Душанбе ҷузъиёти ҷаласаи таҳти раёсати Рустами Эмомалиро дар бораи сӯхтори бозори “Корвон” нашр кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ дар ҷаласа баробари масъулини шаҳрдорӣ инчунин беш аз 200 соҳибкори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Бозори Корвон" иштирок карданд.
Дар пайи баррасии сабабҳои сар задани сӯхтор роҳбарони мақомоти умури дохилӣ, амният ва шаҳрдорӣ ва бозорҳо муваззаф шудаанд, растаю дӯконҳо, марказҳои савдо ва иншооти баландошёнаи шаҳри Душанберо бо дастгоҳҳои огоҳкунанда аз сӯхтор муҷаҳҳаз кунанд ва аз натиҷаи корҳои иҷрошуда то 1 сентябри соли 2017 ахбор пешниҳод намоянд.
Шаҳрдорӣ 22 адад нақлиёти сӯхторхомӯшкуниро дар пойтахт хеле кам хонда, қарор кардааст, ки дар муддати 1 моҳ барои хариди давлатии мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ таклифҳо ироа гарданд: “Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳр барои сохтмони бинои қисми оташнишонии ноҳияи Фирдавсӣ тадбирҳо андешида, ҷиҳати ҷойгиркунонӣ ва таҳияи лоиҳаи ангоравии он дар муддати як моҳ таклифҳои худро пешниҳод намояд”.
Муовини якуми раиси шаҳр Зувайдзода Маҳмадсаид ва сардорони раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор шудаанд, ки барои амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни соҳибкорони зарардида ва расонидани ёрии ҳуқуқию равонӣ тадбирҳо андешанд: “Аз мақомоти прокуратураи шаҳр хоҳиш карда шавад, ки сабабҳои асосии рух додани ҳодисаи сӯхтор дар ҳудуди ҶДММ «Бозори Корвон»-ро ба таври воқеӣ ва объективона ҳарчӣ зудтар таҳқиқ намуда, ба маълумоти ҷомеа расонанд”.
Шаҳрдори Душанбе инчунин дастур додааст, ки аз ҳисоби намояндагони сохторҳои дахлдор, бозори “Корвон”, бо ҷалби намояндагони соҳибкорон гуруҳи корӣ таъсис дода шавад ва ҳарчӣ зудтар ҳаҷми зарари ба ҳар як соҳибкор расидаро муайян карда, маълумотҳои заруриро барои андешидани тадбирҳо то 1 августи соли 2017 пешниҳод намоянд: “Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур шумораи соҳибкороне, ки аз бонкҳои ҷумҳурӣ қарзҳо гирифта, молҳои онҳо дар натиҷаи сӯхтор қисман ё пурра нобуд шудаанд, муайян карда, бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Раиси шаҳр пешниҳод намоянд”.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ афзуд, ки Нуршед Машрабов, раиси “Корвон” довталабона изҳор доштааст, ки зарардидаҳо дар тӯли 2 сол аз супоридани маблағи чинакпулии ҳаррӯза ва пардохти иҷорапулӣ пурра озод мешаванд. Машрабов инчунин уҳдадор шудааст, ки дар муддати 1 моҳ пурра растаҳоро барқарор карда, дар ихтиёри соҳибкорон гузорад: “Инчунин вазифадор шудаст, ки дар муддати 1 моҳ дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе бозори Корвонро ба талаботи қоидаҳои зиддисӯхторӣ мутобиқ намуда, таҷҳизоти худкори огоҳкунандаи насб намояд ва дар бораи он ба Раиси шаҳри Душанбе ахбор пешниҳод кунад”.